Омодагии Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён ва Сайҷалол Саидов ба Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо.



0
20627

Чуноне, ки ба мову шумо маълум аст, аз 25-ум то 31-уми август дар шаҳри Токиои кишвари Ҷопон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи муҳташмаи ҷаҳонӣ иштироки 916 ҷудочӣ аз ҷумла, 552 мард ва 364 зан аз 152 кишвари 5 қитъаи сайёра дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи баланд 8 варзишагр Хаёмиддин Ҷабборов (-66кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Сайҷалол Саидов (-100кг), Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд. Хотиррасон мекунем, ки шояд шумораи иштирокчиён дар ин мусобиқа кам ё зиёд шаванд ва дар сурати кам ё зиёд шудани ҷудочиён мо шуморо дар хабарҳои оянда маълумот хоҳем дод. 1. Хаёмиддин Ҷабборов (-66кг) 2. Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг) 3. Сомон Маҳмадбеков (-73кг) 4. Акмал Муродов (-81кг) 5. Комроншоҳи Устопириён (-90кг) 6. Сайҷалол Саидов (-100кг) 7. Шакармамад Мирмамадов (+100кг) 8. Темур Раҳимов (+100кг)

Published by: VarzishTV Published at: 4 years ago Category: ورزشی