Омодагии барқчиёни шаҳри Турсунзода ба зимистони солҳои 2017-2018



0
3713

Ҳамасола аҳолии шаҳри Турсунзода, шаҳраки Пахтаобод ва ноҳияи Шаҳринав меафзояд. Зеристгоҳи "Равшан" имрӯз дар ҳадди ниҳоии иқтидори худ кор мекунад. Аз ҳамин сабаб ба хотири таъмини ҳамешагии барқ аз моҳи феврали соли 2017 аз ҷониби пудратчи "Точикгидроэлектромантаж" корҳои таҷдиди зеристгоҳи "Равшан" оғоз ёфт.Айни ҳол иқтидори зеристгох ба 275 мегаампер баробар буда баъди анҷомёби ба 375 мегаампер расонида мешавад. Трансформатори нави замонавӣ ба ин зеристгох аз давлати Чин дастрас карда мешавад.Анҷомёбии таҷдиди зеристгох моҳи декабри соли 2018 ба нақша гирифта шудааст.Боиси тазаккур аст, ки баъд аз ба анҷомёбии корҳо зеристгоҳи мазкур метавонад шаҳри Турсунзода, шаҳраки Пахтаобод ва ноҳияи Шаҳринавро пурра бо қувваи барқ таъмин намояд.

Published by: ТВ Регар Published at: 6 years ago Category: