Гуштини милли - Восеъ



0
3227

Бахшида ба соли чавонон ва ба истикболи 20 солагии Иди вахдати милли бо дастгирии сохибкорони махали, дар дехаи Заркамари чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиеви нохияи Восеъ, мусобикаи кушоди варзиши, гуштини милли доир гардид. Дар ин чорабинии варзиши пахлавонон аз шахру нохияхои Чумхури иштирок намуданд. Ин мусобикаро варзишгарони шинохтаи Точикистон, устодони варзиши Чумхурии Точикистон довари карданд. Пахлавонони маъруфи Точикистон дар ин майдон бо чусту чолоки ва истифодаи усулхои гуногуни точики, назди хазорон мухлисони гуштини милли, хунари волои гуштингириро намоиш доданд. Пахлавонон аз нохияхои ба номи Темурмалик, Хамадони, Кулоб, Фархор, Шамсуддин Шохин, Ховалинг, Балчувон, Восеъ барои сохибгаштан ба шохчоизаи мусобика автомашинаи сабукрав байни хам куваозмои намуданд. mavji-ozod.tj

Published by: Мавджи Озод Published at: 6 years ago Category: غیر انتفایی